Дилро асири печиши он мӯ гузоштем

Побанди ҳалқаи ҳалқа гесу гузоштем

Чун ғунчаи гӯиёи сарви зонуӣ мо якеаст

Сар дар ғами ту бскаҳ ба зону гузоштем

Қандили вори шишаи дилро ба ёдгор

Бар пеши тоқи он хам абрӯ гузоштем

Онем ки гавҳари дилро зи шаш ҷиҳат

Гирдоварӣ намӯда ба як сӯ гузоштем

Корӣ накардаем каз ӯ баҳра Эй барем

Мо кори хеш бо карам ӯ гузоштем

Ёрои кист ғайри итоат ба даргаат

Дар пешгоҳи ҳасани ту зону гузоштем

Мо рости шаш ҷиҳати гули шаш барг дар назар

Аз ҳар тараф ба кӯии ту то рӯ гузоштем

Изҳори ҳоли дил ки забон оҷизаст аз он

Ҷӯё ба он ду чашми сухан гӯ гузоштем