Дар чаман бо дарди ишқатгар дамӣ манзил кунам
Барги барги ғунчаҳоро лухти лухт дил кунам
Нест осон дар ғамаши сомони дард андӯхтан
Нақди доғи дил ба сад хӯни ҷигар ҳосил кунам
Ёди маъшӯқи зи хотири рафтаи завқ дигар аст
Дар талошам каз ту худро лаҳзае ғофил кунам