Ба ҳеҷ кас нарасидааст суди азин мардум
Ба ғайри дард ки бар дил фузуд азин мардум
Мадори чашми никуӣу ҷӯади азин мардум
Зиён макун ба таманнои суди азин мардум
Дилам чу обила дар роҳи ошноӣ ҳо
Кадоми рӯз ки пурхӯн набӯд азин мардум
Мудоми заврақи ҷон аз аносир афтода аст
Ба чормўҷаҳи баҳри вуҷӯди азин мардум
Чаҳ мояи нафъ ки аз нақд умр баргирад
Касе ки несташ умеди суди азин мардум
Чу ақрабат зада бо неши ғайбат аз дунбол
Турои ҳузури ту ҳар кас ситуд азин мардум
зи халқи гӯшу забонам ба роҳат афтода аст
Ки баста шуд раҳ гуфту шунӯди азин мардум
зи суръати асари заҳри мор бохабар аст
Канора ҷӯй шуд онкас ки зуди азин мардум
Ба ғайри чоки гиребону захм сина набӯд
Дарӣ ба рӯй дилам гар гушӯд азин мардум
Ба ғайри онкӣ гуноҳ накардаро бахшанд
Мадори ҷӯёи умеди ҷӯади азин мардум