Худро ба ту бероҳила рафтам бирасонам

Чун гирди пай қофила рафтам бирасонам

Чун дидаи гирён ба забонӣ ки надорам

Аз дил ба ту ҳарф гила рафтам бирасонам

Худро зи раҳи шавқ ба сари манзили таҳқиқ

Аз хеши ду сад марҳала рафтам бирасонам

Дар тобу таби имшаби ҷигар аз тишнагӣами сӯхт

Ҷомӣ ба лаб аз обила рафтам бирасонам

Гунҷоиши дарди ту азин беш надорад

Аз сабр ба дил ҳавсила рафтам бирасонам

Равшани дили ҷӯёи з фурӯғаст ки фармуд

Зоди раҳе аз обила рафтам бирасонам