Руста аз қайди мазоҳиби даст дар мавло задем
Роҳҳо масдӯд чун дидем бар дарё задем
Қобили як чашм дидан ҳам набӯд ин хокдон
Чашмакӣ аз давр ҳамчун барқ бар дунё задем
Дасти саъй мо нашуд ҳаргиз ба соҳили ошно
Ҳар қадар дар баҳри ғам чун мавҷи даст ва по задем
Гашта давроне ки аз лухт дилам хоҳад кабоб
Бо касе казгар мхўиии рӯзу шаб саҳбо задем
Фавҷи ғам бар хотири масрури мо дастӣ наёфт
То ба домони таваккули даст истиғно задем
Як садои ошнои ҳаргиз ба гӯш мо нахурд
Ҳалқаи чандоне ки ҷӯё бар дар дил ҳо задем