Чун шамеми ғунчаи оегар зи қайди дили бурун

Сайр олам мекунӣ норафта аз манзили бурун

Ном расвоем нигинро чун ба хотир бугзарад

Синаро чандон кунад то афканд аз дили бурун

Сарви умедат дар андаки фурсатӣ боло кашад

Гар туоне омадан аз банди обу гули бурун

Дар дил ҳар кас ки завқи сайр роҳ ҳастӣ аст

Боли шавқ афшон равад аз хеш чун бсмли бурун

Зӯри дасти нотавонии қӯти бозуии аҷз

Оварад шамшерро аз панҷаи қотили бурун

Нест бими мӯҳтасиб дар шҳрбнди бихўдӣ

намеравад аз хеши ҷӯёи масти лоиъқли бурун