Инкисори маро тамошо кун
Эътибори маро тамошо кун
Бори дил май кашами зи бекорӣ
Корўи бори маро тамошо кун
Доғ доғаст лухти лухти дилам
Лолаи зори маро тамошо кун
Гашта обистани ҳазор саҳар
Шаби тори маро тамошо кун
Бе ту рӯзу шабам ба нолаи гузашт
Рӯзгори маро тамошо кун
Дар наёбам зи лоғарӣ ба назар
Ҷисми зори маро тамошо кун
Гули гули азёд ӯ шукуфтаи дилам
Хорхори маро тамошо кун
Бар наме хезад аз замини гирдам
Инкисори маро тамошо кун