Аҷаби зи ғунча ба он лаъли ҳамсарӣ кардан
Ба ин даҳан ба лаб ӯ баробарӣ кардан
Намӯда сари мукофоти шишаи соъат
Ба даст бо чу худии қасди бартарӣ кардан
Касе ки оташи савдои ишқ дар сар дошт
Ба шамъ базм тавонист ҳамсарӣ кардан
Магари дилам ки занад дасту пои зи битобӣ
Ба баҳри ишқ ки оради шиноварӣ кардан
Ба роҳи сӯзу гудоз , аз ниҳол шамъ омӯз
зи саргузашту даъвои сарварӣ кардан
Касе ки давлат фақраш диҳанд ме донад
Ки дар қаландарӣомад тавонгарӣ кардан
Ба ғайри неъмату биҷуз манқибат наме ояд
Ба номи ғайри зи ҷӯёи саногарӣ кардан