Рангин шудаи сартосари олами з баҳор аст

То хори гули имрӯз ба ранги гул хор аст

Омехтаи он зулфи сияҳ бо хати мишкӣн

Чун маънии печида ки дар хат ғубор аст

Бар пайкари ман ахтар ҳар доғи ту сайёр

Дар коғаз оташ зада монанди шарор аст

Ҳар мавҷи ҳаво дар назар аз ҷӯши рутӯбат

Обистани борон чу раги абр баҳор аст

Шамшери каҷи абрӯӣ ӯ кор фаранг аст

Тири мижаро мамлакати ҳасан диёр аст

Хӯн мечакад аз ҳар мижаи зонрў ки дилам ро

Сарпанҷаи мижгон касе гарм фишор аст

Кӣ дар назар ҳимматаш ояд дили ҷӯё

Шаҳбози нигоҳи ту ки симурғ шикор аст