Зони ҳамаи сабру сукӯн , дар дили каф хуноб монад

Корвони мо биҷои оташ аз вай об монад

Оҳ агар оташ бадал зад ашк дар кор худаст

Гар бисӯзад хона хоҳад қисмат сайлоб монад

Чашм бар беҳбуди перии доштам онҳам нашуд

Корвон умр рафту бахти мо дар хоб монад

Душманон аз хасмии мо сина ҳо пардохтанд

Кӣнаи мо ҳамчунон дар хотир аҳбоб монад

Нафъ дорад нўшдорўии ҷаҳони нохўрднш

Манфиати зин ба кзинсони номӣ аз Суҳроб монад

Ҳар чаҳ буд аз дили бғир аз нақши абрӯӣ ту рафт

Оқибати зини масҷиди вайрони ҳамин миҳроб монад

Шамъҳои базми мо бо ҳам намесӯзад кулем

Маҷлиси моро шароб охир шуд ва маҳтоб монад