Доғ агар бар рӯй ҳамчун барги гул ҷо ме кунад

Захми хӯнгар маст дар дили ҷои худ вомӣ кунад

Гар гадоем косаи дарюзаи чашмам пар аст

Ҳарчӣ бояд ғами зи хоку хӯн дар онҷо ме кунад

Тан ба урёнӣ нахоҳад дод маҷнӯни ғамат

Доғ бар сар май наад занҷир дар по ме кунад

Дардмандатро таби ҳиҷрони дамии муҳлати надод

Шуълаи худ бо шамъ то як шаб мудоро ме кунад

Теғати аввали узвҳоро мекунад аз ҳам ҷудо

Баъд аз он захми турои қисмат бар аъзо ме кунад

Новакаш дар кӯчаҳои захми чандини хонаи сохт

Шӯх бе пурвои мо таъмири дил ҳо ме кунад

Дасти гулчини қазо то кӣ ба хоками афканд

Чун гули шамъам на бӯед на тамошо ме кунад

Тифли бдхўро канори дояи ҳам таскини надод

Ашк дар доман кулем оҳанг саҳро ме кунад