Ба ғайри хонаи занҷиру дидатар мо

Кадоми хона ки вайрон нагашт бар сари мо ?

Ба ҳайратам ки хабар чун ба санг ҳодиса рафт

Ки сулҳ кард май муддао ба соғари мо

зи гармии таби мо то шавад табиби огаҳ

Кафӣ сапанд фишонд ба рӯй бистари мо

Ба синаи софӣ ва рӯй кушода чун мо нест

Мгири оинаи гӯи хешро баробари мо

Азин сирояти саргаштагӣ тавон донист

Ки ҳамчуи гардиш домаст сайри ахтари мо

Дил аз ҷафоӣ ки нолад шикоят аз ки кунад ?

Ба шаҳри Тифлони афтодаи мурғ бе пари мо

Дигар чаҳ бахя чаҳ марҳам ? з ҳар ду кори гузашт

Ки захми ҳамчуи қафаси гашти даври пайкари мо

Кадоми базми тарабро ҷудои з рӯй ту дид

Ки май зи об сияҳ шуд ба чашми соғари мо ?

Димоғи дарди сари давлат аз куҷост кулем ?

Гирифтам ин ки ҳумо соя кард бар сари мо