Ба даври дидаи мижгон аз ду сӯи лухт ҷигар дорад

Чироғон бар лаби оби равони файз дигар дорад

Надорам зинатӣ ҳамчун садафи ҷузи уқдаи хотир

Ҳамеша риштаи корами гиреҳи ҷой гуҳар дорад

Магари ёди лабат дар хотир паймона ме гардад

Ки дар базми нишоти бодаи чашм аз гиря тар дорад

Ба ҷузи саргаштагӣу гирди меҳнат ҳосилаш набӯд

Ба сони гирдбоди онро ки даҳр аз хок бардорад

Нишони аҳли ғифлати ҷустам аз пери хиради гуфто

Нишонаши инки дар фасли баҳор аз худ хабар дорад

Ҷунуни шаҳри душман бо биёбон дӯстӣ дорам

Ки чун сайлоби ашками ҷанг бо девор ва дар дорад

Агар баргу барии дории зи худ бФшон ки пайваста

Табари пайванди ӣнҷо бо ниҳол борвар дорад

Чаро пайвастаи шамъи анҷумани сандал ба сари молад

зи боли афшонии парвона гарна дардисар дорад

Агар мурдан набӯдӣ зиндагӣ бо мо чаҳ ҳо кардӣ

Дарин дарё агар нишкаст киштии сад хатар дорад

Кулем аз ҷаври гул хӯн шуд дили булбул чунин бошад

Гирифторӣ ба он маъшӯқ бепарво ки зар дорад