Шамъи ин масаъларо бар ҳамаи кас равшан кард

Ки тавонад ҳамаи шаби гиря бешеван кард

Зуд рафт онкии зи асрори ҷаҳон огаҳ шуд

Аз дабистон баравад ҳар ки сабақ равшан кард

Нола гуфтам дили сайёди маро нарм кунад

Ин асар дод ки охири қафасами з оҳан кард

Дидааш покии домони маро хуб надид

Зоҳиди хушк ки айби ман трдомн кард

Мор дар перҳанат ба ки раги андари гардан

Ки ба афсун натавон чораи ин душман кард

Нолагар барқ шавад бо дили сангин чаҳ кунад

Роҳзанро чаҳ ғам аз инки ҷарас шеван кард

Хонаи дидаи сияҳи бод ба марги бениш

Хилвати дилро торики ҳамин равзан кард

Синаро аз намад фақр агар бинмоем

наме тавон шамъи зи ойӣнаи ман равшан кард

Чокро ҳамчуи қафаси ҷузви бадан соз кулем

То ба кӣ хоҳӣ аз он зинат пероҳан кард