Нигаҳ чу гарм бар он пурҳиҷоб ме гузарад

Гулоби он гул рӯй аз ниқоб ме гузарад

Агар зи дил ба тағофули гузаштаи мижгонаш

Чунон гузашта ки сих аз кабоб ме гузарад

Сапанд оташ шавқем кори мо саҳл аст

Ба як тапидани дил изтироб ме гузарад

Надидаи меҳнати саргаштагӣ чаҳ ме донад

Дарин муҳӣт чаҳҳо бар ҳубоб ме гузарад

Ғами замона чаро нагзарад ба осонӣ

Чунин ки умри зи ғифлат ба хоб ме гузарад

Ҳино ба тавсани он шаҳсавор май бандад

Гуҳӣ ки ашки маниш аз рикоб ме гузарад

Ба ғайри захми ҷафоҳои бешумор ту нест

Ба малики ишқ агар беҳисоб ме гузарад

намеравад қадами ақл дар раҳи ҷуръат

Шиновараст ва ба киштии з об ме гузарад

Кулемро ту агар рухсати суоли диҳӣ

Ба ин нишоти зи фикр ҷавоб ме гузарад