Соҳиби ҳиммат ки даст аз кор дунё ме кашад
Кӣ дигар зон дасти хори яъс аз по ме кашад
Аз ситам бар нотавонон болад он саркаш ба хеш
Шуъла чун мушти хасиро сӯхт боло ме кашад
Оина аз ботин софаст меҳнати каши зи занг
Шиша аз равшандилии бедод хоро ме кашад
Ашки резон то ғубори ҷилваи гоҳаш рафта анд
Зулфро дар хӯн кашад гоҳе ки то по ме кашад
Ҷоҳилонро фахр май бояд зи ҷаҳли худ ки даҳр
Интиқоми ҷурми нодонро з доно ме кашад
Мо ба ин сомон чаро шарманда бошем аз сипеҳр
Гавҳар беоб кӣ миннати з дарё ме кашад
То қалами бардошти қамарӣ ошён хоҳад ниҳод
Сару болои турои наққош ҳарҷо ме кашад
Душманиро боисӣ бояд , намедонам кулем
Ашк аз баҳр чаҳ лашкар бар сар мо ме кашад