Дӯш дар базм ту дидам зи дили худ сари хеш
Он чаҳ парвона надидаст зболу пари хеш
Манъам аз нола чаро фош чу шуд рози ниҳон
Чист дар хона ки ман қуфли занам бар дар хеш
Хонаи зоди ҷигари сӯхтаи мости ҳамон
Нола ҳар чанд ба афлоки расонади сари хеш
Як тан аз аҳл вафо нест ба хунгармии ман
Боварат гар набӯд пресс ҳам аз ханҷари хеш
Танги чашмии фалак беш аз онаст ки буд
Нагузорад ки нишинем ба хокистари хеш
Марҳами доғи ҷунуни хоки сари кӯй касе аст
эй хуши он рӯз ки он хок кунам бар сари хеш
Пораи дили гиреҳ ришта ашкаст кулем
Ин гиреҳ боз кун аз кори ду чашмтар хеш