намекунӣ эй шайхи ёд аз рахнаҳои дайни хеш
Афканӣ бар шонаи ҳргаҳи дидаи худ байни хеш
Хоксории сарбаландиро зи сари во кардан аст
На ҳасиру хишт кардани бистару болини хеш
Бар карямони шукри соил дар ҳақиқат воҷибаст
Зонка гулбунро сбкборист аз гулчини хеш
Дар паноҳи файзи урёнӣ мусаллам монад хор
Гул чаҳ офатҳо ки дид аз ҷомаи рангини хеш
Дар тариқати ор чун аз дайн худ баргаштанаст
Гар баҷоам ҷам диҳад каси косаи чубини хеш
Ҳар гарон сангӣ шавад зондишаҳи рӯзии сабк
Асияро дона меандозад аз тамкини хеш
Худшиканро хуш наёяд мадҳ ва беш аз дигарон
Худписанд аз аблаҳӣ худ мекунад таҳсини хеш
Талхи комон дигар дории биҷузи соғар , бидиҳ
Дигаронро ҳам закотӣ аз лаби ширини хеш
Аз ғами ҷонсӯзи худ то кӣ тавон дидан кулем
Ҳамдамонро чун чароғи кушта бар болини хеш