Амонам дод ҳиҷри бимдоро то туро дидам
Туро дидам , чаро гӯям ки аз ҳиҷрон чаҳ ҳо дидам
Ба васлати дил гувоҳӣ медиҳад аммо з бе тобӣ
Ба лавҳи сина аз хатҳои нохуни нола ҳо дидам
зи бас бо ман ба даъвӣ нола кард охир шуд афғонаш
Ба пои ноқаи ?ути охири ҷарасҳо бесадо дидам
Куҷо рафт онкӣ мегуяд бад аз некон наме ояд
Ба чашми хеши ман кори намак аз тўтё дидам
Дурӯғаст ошнои равшаноӣ зон макун бовар
Сияҳ шуд рӯзгорам то нигоҳ ошно дидам
Фишондам то зи дунёи даст , ҳар комӣ ба даст омад
Задам то пушти пои афлокро дар зер по дидам
зи кунҷ бе касе рафтам ғубори нанги сомон ро
Намардум то ки ин вайронаро бебӯрё дидам
Ҳубобам баҳр ҳастиро , ки то бигушодаам дида
Ба тӯфони ҳаводиси хештанро мубтало дидам
Кунун аз равшаноӣ дидаам ошуфта ме гардад
Кулем аз баси сияҳи рӯзии дарин мотам саро дидам