Буии кини ҳаргиз касе нашунида аз обу гулам

Гар ба хас оташ фитад аз меҳр май сӯзади дилам

Чун қалам дорам сари таслимро дар зери теғ

Ҳаркасам сар мезанад гӯйӣ ки хати ботилам

Нашъа огоҳем , лекини дарин нахҷӣргоҳ

Бар сари тири ҳама монанди сайди ғофилам

Аз дару девор май гирами суроғи марг ро

Раҳнавард мондаам дар орзӯии манзилам

Шамъро монам ки аз сайру сулӯками ноумед

Ҳркҷо ҳастам зошки хештани андари гулам

Лолаи ворами дили зи ғами сад чок шуд дар бе касе

Ҳечкас наниҳод ғайр аз доғи дастӣ бар дилам

Орзӯии як дил аз ман дар ҷаҳон ҳосил нашуд

Моя навмедем , гӯйии ҷавоби соилам

Бе самари нахлам , марои ёрӣ ба ғайр соя нест

Сояи худ бо хок яксонаст бингар ҳосилам

То қиёмати хори ғам дар ҷон намемонад кулем

Гар зи дил берун намеояд , барояд аз гулам