Мӯшикофиҳо дар он андом зебо карда ам
То камарро дар миёни зулф пайдо карда ам
Нестам розӣ ки сар бар курсии зонуи нуҳум
То ҳавои сарбаландиро зи сар во карда ам
Дида хоҳиш набинад тўтёсозӣ чу ман
Хоки кӯии яъс дар чашм таманно карда ам
Ботини халқи ду рӯи савҳону зоҳир оина аст
Умрҳо ҷосӯсии абноӣ дунё карда ам
Бенамак набӯд ҷунунам , дил нишин афтода ам
Каз лаби лаълаши намак дар дег савдо карда ам
Танагии кор аз ақаб дорад гушоишҳо зарур
Аз дил танг манаст ар дида дарё карда ам
Қомати фасл ҷавонӣ шуд қад хам гашта ам
Ҷой то дар сояи он қад раъно карда ам
Ҳаркии танҳои талаб , бо шамъ дар як хона нест
Ман на бе ҷои ху ба торикии шаб ҳо карда ам
Хонаи ҳамсояҳо вайрон шуд аз ашкам кулем
Нест аз девонагигар ҷо ба саҳро карда ам