Ишқро бахти тира дар кор аст

Ҷилваи шамъ дар шаб тор аст

Хуш ба гирди сар ту ме гардад

Ҷигарами хӯни зи рашк дастор аст

Бас ки бозори хору хас гарм аст

Шоҳиди гули ғариб гулзор аст

Рашки абрӯии ту зи кораши барад

Пушти миҳроб зон ба девор аст

Мўбаҳ мӯем зи бас ки музтариб аст

Кавкаби доғи сина сайёр аст

Сина беновакӣ нахоҳад монад

Мурғи ин ошиёна бисёр аст

Нест мижгон ба гирд чашм кулем

Дар раҳати пои дида бар хор аст