Рафтани з дарат кори ман дил нигарон нест

Гар кушта шавам хӯнам аз он кӯй равон нест

Бо тири бало чун ҳадафам , рӯй кушода

Гар кӯҳ шавад дарди ғами ишқ гарон нест

Ҳоли ман бе барги наворо чаҳ шиносад

Он сарв ки огоҳи зи тороҷ хазон нест

Рсўоӣии моро зи кафани пардаи мпўшид

Гар шамъ бФонўс равад , боз ниҳон нест

Шамшери ту хубаст ки бехост барояд

Файзӣ нарасонад ба дили обӣ ки равон нест

Толеъи мададӣ гар накунад кӣ ба кафи ое

Бе ёрии каси тир дар оғӯш камон нест

Каси воқифи ҳайронӣ мо нест дарин базм

Конҷо ки туе дида ба ғайриӣ нигарон нест

Дар домани алванд дигар ғунча шавад гул

Зинҳор мгўӣид кулем аз Ҳамадон нест