Гар оҳу нолаи дорӣ дар малики ишқ боб аст

Бади Ямани шодмонӣ чун хона ҳубоб аст

Чашмат ба хӯни ошиқгар ташнааст саҳл аст

Чизе ки ме тавон хост аз дӯстон шароб аст

Душмани зи шуғли хасмӣ осӯдагӣ надорад

То бахти душмани мост дар орзӯӣ хоб аст

Чун дар сарои надорӣ , сармояи таъаллуқ

Он шаб ки оташ уфтад , дар хона моҳтоб аст

Гар чарх барнагардад бахт касе забун нест

Рӯзам агар сиёҳаст тақсир офтоб аст

Меҳнат чу гашти одат , ҷаври фалак чаҳ бошад ?

Чун тан ба банд додӣ занҷири мавҷ об аст

Ту подшоҳ ҳасанӣ машумор бӯса бар мо

Зеро ки айби шоҳон донистан ҳисоб аст

Бо бори миннати Хизри оби бақо сабк нест

Обӣ ки хушгувораст аз чашма сароб аст

Нодонии тағофули ҳангоми пардаи пӯшӣ

Назд кулем беҳтар аз илми сад китоб аст