Гар ба қисмати қонеъӣ беш ва кам дунё яке аст
Ташна чун як ҷуръа хоҳад кӯзау дарё яке аст
Ҳирсгар деҳқон набошад киштро шабнам бас аст
Хӯшау хирман ба пеши чашми истиғно яке аст
Каҷи назари суду зиёнро имтиёзӣ дода аст
Ҳар чаҳро аҳвал ду мебинад бар бино яке аст
Ноумедии дастгоҳ айш месозад фарох
Гар бабандӣ дидаи кунҷи хонау саҳро яке аст
Ғам на пайвандӣ ба дил дорад казу битавон бурид
Гар ба асли кори бинии шишау хоро яке аст
Мо ки аз афтодагии фирӯзи ҷанг афтода ем
Аз ки андешем чун фатҳу шикасти мо яке аст
Иззату хорӣ ки пушт ва рӯй кор олам аст
Назд риндӣ кӯ надорад кор бо дунё яке аст
Дар қафаси боло ва поинӣ намебошад кулем
Остону маснади дунё бар доно яке аст