Дил ки чун наргиси мастат ба шароб афтодаст
Дафтари маърифати мост дар об афтодаст
Мо зи оғозу зи анҷоми ҷаҳон бе хабарем
Аввалу охири ин куҳна китоб афтодаст
Ғамзаи ?ути кори дилами сохт ба як чашм задан
Доманӣ то задӣ оташ ба кабоб афтодаст
Шукри чашм ту кунад мӯҳтасиби шаҳр казу
Ҳар куҷои майкада Эй ҳаст хароб афтодаст
Шиша аз бода ба рангӣаст ки май пиндорӣ
Духтари рузро оташ ба ниқоб афтодаст
Аз ҳарифони қимор ту намондааст касе
Кори сар бохтан акнӯн ба ҳубоб афтодаст
Бар рухи соқии гулранги парешонеи зулф
Акс мавҷӣаст ки бар рӯй шароб афтодаст
Дафтари ҳасан баҳораст ки дар аҳди ту шаст
Барг гул нест ки аз бод дар об афтодаст
Чашмаи сорӣ шудааст аз нигаҳи шодобаш
Чашм гирён кулем ар ба сароб афтодаст