Онкии захмӣ аз забон ӯ нахурдам сӯсан аст

Вонкаҳ бар айбам надузад чашми бадбӣн сӯзан аст

Рухсати сайри ҷаҳон май хостам аз ақл , гуфт

Аҳли азлатро сафар аз ёди мардум рафтан аст

То шикасти комилон ҷустан ҳунар гардӣда аст

Айби ҷӯии талъати хуршеди чашм равзан аст

Умрҳо бо тираи рӯзии сохтам то ин замон

Хилватамро шамъи кофурии баёз гардан аст

На фалак дар пеши чашми аҳли ҳиммат хирманӣ аст

Ҳар ки ком аз осмон ҷӯяд гадоӣ хирман аст

Ҳар куҷои шӯри ҷунуни моро ба бозор оварад

Санг монанди тарозуи хонаи зод доман аст

Дил ки шуд султони тани хайл ва ҳашам дорад зи ашк

Аз шарар бошад сипоҳаш ҳар ки мейр гулхан аст

Оҳи сард аз ҳасрати равған чароғам ме кашад

Созу барги рӯзам аз сомони шабҳо равшан аст

Дар диёри фақри конҷои ҷавшан аз урён танӣ аст

Ҳомии шамъ аз хатари фонӯс бепероҳан аст

Нисбати мо бо ҷафоҳояш кулем имрӯз нест

Теғи бедоду дили мо ҳар ду аз як оҳан аст