Ҷуз аз ғубори мазаллати дилам ҷило нагирифт
Ба хок то нафитод ин гуҳар сафо нагирифт
зи дастбурд ҳаводис гурехт як сари тир
Ҳадаф ба дашти бало низ ҷой мо нагирифт
Рамидаанд чунон аз хати ҳаводорон
Ки зулфи ҷониби рухсора туро нагирифт
Шикори неъмат дунё намешавад қонеъ
Балии з дона фишонӣ касе ҳумо нагирифт
зи кӣнаи ҷўӣии мо душманон малул шуданд
Вале ҳануз дили дӯст аз ҷафо нагирифт
зи ишқи ранги надорӣ ба дӯст рӯ манимо
Сиришк агар зи рахти ранг каҳрабо нагирифт
Ба роҳи фақру фанои миннат аз касе дорем
Кигар з пой фитодем даст мо нагирифт
Усӯли рақси сапанд аз ниҳод ӯ матлаб
Касе каз обилаи ахгар ба зер по нагирифт
Кулем як раҳ аз он шӯхи зуд сайр бипурс
Вафо чаҳ кард ки дар хотири ту ҷо нагирифт ?