Ҷилваи печу хам аз мӯӣ камар хоҳад рафт
Тоби ин риштаи борӣк бадар хоҳад рафт
Дили зи савдои сари зулф ту хоҳад восўхт
Аз сари миҷмарами ин дӯд бадар хоҳад рафт
Як ҷаҳони бори шикояти з ҷаҳон хоҳад баст
Ҳар ки аз кишвар ҳастӣ ба сафар хоҳад рафт
Хори ҳам дар қадами роҳравон дар сафар аст
Гули сипар гар нашавад то ба ҷигар хоҳад рафт
Сафари малики фанои аидл агар хоҳӣ кард
Вақт шуд қофилаи шамъ саҳар хоҳад рафт
Гар чунин шуъла кашад кӣнаи ёрони ватан
Чун шарар дар сафарами умр басар хоҳад рафт
Ба камол ар бирасад робитаи розу ниёз
Дӯди шамъ аз сари парвона бадар хоҳад рафт
Чарх бо софи дилони бас ки баҳона талаб аст
Риштагар пора шавад об гуҳар хоҳад рафт
Гӯш бар гиряам афкан ки сухан аз туфи дил
Об хоҳад шуд ва аз дида тар хоҳад рафт
Гар ба шамшер диҳад тоби туф хӯн кулем
Ҷавҳар аз теғи буруни ҳамчу шарар хоҳад рафт