Перӣ раседу мавсими табъи ҷавони гузашт
Заъфи тан аз таҳаммули ратли гарони гузашт
Борӣки бинии ?ут чу зи паҳлавӣ айнак аст
Бояд зи фикри дилбари лоғари миёни гузашт
Вазъи замонаи қобил дидан ду бор нест
Рӯ пас накард ҳар ки аз ин хокдони гузашт
Дар роҳи ишқи гиряи матоъ асар надошт
Сад бор аз канори ман ин корвони гузашт
Аз дастбурди ҳасани ту бар лашкари баҳор
Як найзаи хӯни гули зи сари арғавони гузашт
Ҳуби алўтни нигар ки зи гули чашм баста ем
Натавон вале зи мушти хаси ошёни гузашт
Табъӣ ба ҳам расон ки бисозӣ ба олимӣ
ё ҳимматӣ ки аз сари олами тавон гузашт
Мазмуни сарнавишти ду олами ҷуз ин набӯд
Он сар ки хок шуд ба раҳ аз осмони гузашт
Дар кеши мо таҷарруди анқо тамом нест
Дар қайд ном монад агар аз нишони гузашт
Бе дидаи роҳ гар натавон рафт пас чаро ?
Чашм аз ҷаҳон чу бастӣ аз ӯ ме тавон гузашт
Бадномии ҳаёти ду рӯзӣ набӯд беш
Он ҳам кулем бо ту бигӯям чаҳ сони гузашт
Як рӯзи сарф бастан дил шуд ба ин ва он
Рӯз дигар ба кандан дили зин ва зон гузашт