Моро тпидн аз ғами дунё шиор нест
Сад шукри коби тинати мо мавҷ дор нест
Беҷазба ҷунун нарасад кас ба ҳеҷ ҷо
Солик ба роҳ монад агар не савор нест
Равшандилони ҳубоби сифати дида баста анд
Равзан чаҳ эҳтиёҷ агар шиша тор нест
Онро ки дили зи машраби Мансур об хӯрд
Кашкули фақрро биҷуз аз чӯб дор нест
Қатъ умед карда нахоҳад Наими даҳр
Шохи бурӣдаро назарӣ бар баҳор нест
Дилро ки бошад оташи шавқӣ , ба ғам чаҳ кор ?
Ойинаи гудохтаи ҷой ғубор нест
Маҷлис фурӯз габру мусулмони як оташ аст
Дар санги дайру каъбаи биҷузи як шарор нест
Лавҳи мазори хеши зи девон худ кунам
Яъне маро ба ғайри сухан ёдгор нест
Дар гулшанӣ ки ишқ буд боғбон кулем
Ҷузи ошёни сӯхта бар шохсор нест