Чамани зи сардии айёми барг ва бор гузошт

Хуши онкии ориятиро ба ихтиёр гузошт

Басаст сардии фасли хазон кунун бояд

Ҳавои зуҳди хунакро ба як канор гузошт

Хазон расед ва ба озодагӣ самар шуд нахл

Фишонд барг ба шукри ҳамин ки бор гузошт

Ту низ панҷаи з меранг кун ки боди хазон

Ҳино ба дасти арӯсони шох сор гузошт

Чу соя дар қадами шоҳидон бустон бош

Ки барги рез ба пои ҳама нигор гузошт

Дилам ба ҳалқаи зулфнигор худро баст

Ба ин василаи сиррӣ дар канор ёр гузошт

зи инқилоби сипеҳри ду рӯ аҷаб дорам

Ки биқрории моро ба як қарор гузошт

Чунон ммир ки чизе бимонад аз ту ба ҷо

Ба ғайр ном набояд ба ёдгор гузошт

Чаҳ ме тавон зи парешони тира рӯз гирифт

Кулем даъвии дилро ба зулф ёр гузошт