зи ахтари толеъ ки меҳр ӯ ҳама кин аст
Хайр надидем агар чаҳ хайр дарин аст
Дӯст ба ҳеҷам фурухт бо ҳамаи зорӣ
Ёри фурӯшии дарин замона ҳамин аст
Оинаи ҳасану ишқ рӯй брўинд
Шурии бахтам аз он лаб намакин аст
Дида азизаст аз сиришки ҷгргўн
Қимати хотам ба эътибор нигин аст
Дар дили мо аз ғубори меҳнати гетӣ
Захми ҷафоҳо чу ҷода хок нишин аст
Хӯбии зоҳири мхр ба ҳеҷ ки дарё
Душман ҷон омаду кушода ҷабин аст
Сӯрати ҳоли маро чу рӯй накӯён
Зулфи парешоне аз ясор ва ямин аст
Риш ба қадари Асои гузор ки имрӯз
Кӯтаҳии риши ҳатки ҳурмат дайн аст
Дар дили пар кулуфт кулем зи ҳиҷрон
Бскаҳ ғубораст нақди доғ дафин аст