Чу дасти қазои нақши ин ҷилди баст
Пару боли товус дар ҳам шикаст
Китобаш чу гавҳар буд аз шараф
Муносиб фитодаст ҷилд аз садаф
Кунад хурдаи коряшро чун нигоҳ
Гузорад фалаки айнак аз меҳру моҳ
Чу худро сазовори ин ҷилд дид
Садафи доман аз даст гавҳар кашид
Таровуши з бас мекунад об аз ӯ
Гулашро нишастааст шабнам бирав
Барои тамошои ин навбаҳор
Нигаҳи бози гардонам аз рӯй ёр
Китобӣ казу гашти зинат пазир
Миёни ду гулшан шавад ҷойгир