эй ранги оризи ту , оташ дар оби баста

Ваии чини турраи ту , аз машки ноби баста

Ҷодӯии ғамзаи ту , бигушодаи дасти санъат

Бар оризи ту аз хат , нақшӣ бар оби баста

Наргиси зи шарми чашмат , дар пеши сарфиканда

Ғунчаи бадасти ҳасанат , бар рухи ниқоби баста

Рӯй ту карда равшани офоқро вонгаҳ

Пай кӯр карда , онро , бар аФтоби баста

Ҳам шохи арғўонро , лаъли ту хӯни кушода

Ҳам чашми нргсонро , ҷазаъи ту хоби баста

Дар чанги фурқати ту , ҳастам ман шикаста

Дар чори мехи меҳнат , ҳамчун рубоби баста

Охир бидидам эй ҷон , дар даври хӯбии ту

Дасти хатои кушода , пои савоби баста

Гуфтӣ ки бевафое , шармати з худ наёяд

Афсӯс агар набӯдӣ , роҳи ҷавоби баста