Ончии ишқи ту дар ҷаҳон кардаст
Биллоҳ ар давр осмон кардаст
Меҳри ту бо дилам чаҳ кин дорад ?
Ки дилами бараду қасд ҷон кардаст
Он на холат , акси дидаи мо
Бар рухи нозукат нишон кардаст
Ҳаст номи кулоҳи ту шаби пӯш
Зонка зулфи туро ниҳон кардаст
Офтоб аз рахт сипар бификанад
Врчаҳи сад теғ бар миён кардаст
То биёмухт аз ту ишва гарӣ
Солҳо осмон дарон кардаст
Бар ман он зулфи печи печи охир
Рӯй парчин чаро чунон кардаст ?
Ишва ам додаасту бстдаҳи ҷон
Ростиро басӣ зиён кардаст