То кӣ ин ранҷи рӯзгори барӣ ?

Бори ин пери нобакори барӣ ?

Ҷаҳд кун то зи мавҷи хези бало

Киштии умр бар канори барӣ

Амни ҷонҳо з ҳсн исломаст

Кӯш то ҷони дарин ҳисори барӣ

Тарсам аз гулбуни ҷаҳон ба тамаъ

Гул начинӣу захми хори барӣ

Рӯзгори ту зон ъзизтрст

Ки ту андӯҳи фахру ори барӣ

Молу неъмат туро бидон доданд

Ки ту дар бандагии бакори барӣ

На бидон то ту соз ҷанг кунӣ

ё ки ӯро бкорзори барӣ

Ба шутурмурғи Монӣ эй хоҷа

На биппарӣ ҳаме на бори барӣ

Рӯзгорати бабради умр ва ҳануз

Ту бар онӣ ки рӯзгори барӣ

Хуш буд хобу лиззати мастӣ

Бош то кайфари хумори барӣ

Ба забонии ҳамаи дурӯғу дағал

Диҳадат дил ки номи ёри барӣ ?

Офариниши турои баради фармон

Гар ту фармони кирдигори барӣ