эй онкӣ аз аФозли анвори маънавӣ
Хуршедро зи хотири худ вом дода Эй
Аз лутфи табъи тарбият рӯҳ карда Эй
Вази лафзи поки тайра аҷром дода Эй
Аз нӯки калаки хеш ба аҷроми назму наср
Тшўири нӯки сӯзан низом дода Эй
Роҳи мъолӣ аз ҳамаи ҷониби супурда Эй
Дод маъонӣ аз ҳама ақсом дода Эй
Аз ту ҷавоби шеър таваққуъ надоштам
Ту худ ҷавобам аз сар анъом дода Эй
Ин мадҳ нест ! инки фиристодае маро
Заҳр ҳалоҳиласт ки беҷом дода Эй
Андари либоси мадҳи маро ҳамчу гуфта Эй
Мо мадҳ гуфтаем ва ту дашном дода Эй
Ғаммозӣу фасоду ҳасад ҷамъ карда Эй
Ваонро ҷавоби қитъаи ман ном дода Эй
Муҳтоҷи ин фузул набӯдӣ вале маро
Аз ҳоли андаруни худ эълом дода Эй