Ҷинати ин , ё фазоӣ гулзор аст

Кавсари ин , ё зулол анҳораст ?

Анбари ин ё шамеми боди сабо ,

Лодани ин , ё насим асҳораст ?

Равзаи хулд ё ки соҳати боғ ,

Ғурфаи ҳур ё ки гулзораст ?

Гулистон ё ки даккаи бзоз

Бӯстон ё ки тахт аттораст ?

Лола , ё рӯй длФриби санам ,

Сабза , ё зулфи нозанин ёраст ?

Настаран , ё ки ҳуққаи кофур ,

Сперм , ё ки дарҷ зангораст ?

Арғавон , ё ки талъати ҷонон ,

Зимрон , ё ки хат дилдораст ?

Об , ё ҷадвалии саросари сим ,

Бод , ё корвон тотораст ?

Бсдин миҷмараст ё лола ,

Озарин ҷом , ё ки гулнораст ?

Ғунчаи ин , ё муғии сабу бар дӯш ,

Чамани ин , ё ки кӯй хумораст ?

Сафҳа монавӣаст ё бустон ,

Кохи Аржанг ё ки гулзораст ?

Кони шингарф , ё ки лолаи ситон

Маъдани сим , ё саман зораст ?

Варақи лола , ё фурӯзони шамъ ,

Арғавон ё ки муштаал нораст ?

Чамани ин , ё нигорхонаи чин ,

Дмни ин , ё сарой туҷҷораст ?

Боғ ё харгаҳи хдиўи ҷаҳон

Роғ ё дарга ҷаҳондораст ?