Бози перонаи сар аз боди баҳор
Ёфт перояи арӯси гулзор
Шуд ҷавон , нахли куҳанро одат
Гашти нав , сарви чаманро рафтор
Омад аз абри ҳамон шеваи пеш
Сар зад аз боди ҳамон пешаи пор
Абрро ҳамсафарӣ бо хуршед
Бодро ҳмнФсӣ бо асҳор
Нофи гул , нофаи оҳӯии хутан
Баргтар , бурқаъи бонӯии ттор
Булбулонро ҳама дар гули маскан
Қамарёнро ҳама бар сарви қарор
Бардаи зангор ба гулшани сабза
Судаи шнҷрФ ба гетии гулзор
Авдро оида аз соиди сарв
Токро кабкаба аз дӯши чанор
Оби ҳайвони ҳама дар чашмаи кӯҳ
Оташи гули ҳама дар хирмани хор
Лола аз ранг чу рӯй дилбар
Ғунчаи дилтанг чу лаъли дилдор
Абрро гиряи поринаи амал
Бодро ҷунбиши деринаи шиор
Қалами сунъ ба девори чаман
Калаки тақдир , дар айвони баҳор
Он лаб лола кашид аз шнҷрФ
Ва он хат сабза навишт аз зангор
Брҳмни вор , броҳими чаман
Озри осор , халили озор
Бути тарошяш ба гулшани пеша
Бути фурушяш ба бустони ҳанҷор
Ноӣ булбул , чу неи мусиқӣ
Ҷони қамарӣ , чу лаби мўсиқор
Он ба фарёд , зи бади аҳдии гул
Ин дар афғони зи дили озории хор
Дӯш шуд раҳбари ман , сӯии чаман
Нолаи қамарӣу фарёди ҳазор
Боғро дидам аз он сон ки надид ,
Ҳеҷ дилдода биравӣ дилдор
Чаманӣ дидам аз анбӯҳии гул ,
Гулшанӣ ёфтам аз даврии хор