Моро , зи дил , андари ғами дилбар , гила бисёр
Дилро гила аз мо ки кунад ҳавсила бисёр
Пўӣим ба сар дар сафари ишқи ту раҳро ,
Пои дил мо карда агар обила бисёр
Юсуф наравад дар бар ёқӯби вагарна ,
Аз Миср ба канъон гузарад қофила бисёр
Шуғлӣ набӯд хубтар аз ишқи длором
Варна буд аз баҳри дилами машғала бисёр
Дармони ғами ишқ буд сабр ва ҳам аз сабр
То марҳалаи ишқ буд фосила бисёр
Дар ишқ бидон поя шудам шуҳра ки дар шаҳр
Ҳар шаб буд аз оҳи дилами машъала бисёр
эй зулф чаҳ дорӣ ки ғизолони хтоиӣ
Ҳам гардан шеранд дар ин силсила бисёр
Хубаст ба дафтари сухани дӯсти вагарна ,
Дар мадриса бошад варақи ботила бисёр
Набӯд аҷабигар дили сад пораи афсар ,
Бо новаки ишқ ту кунад ҳавсила бисёр