эй зи шарми оризат дар костани ҷурми қамар
Вази ақиқи лаъли ту , лаъли Бадахшони хӯни ҷигар
Машки тоторӣ ки ин сон мунташир шуд дар ҷаҳон
Аз абири зулфи ту бод сабо додаш хабар
Ҳам ҳикоят мекунад рӯй туро бустону гул
Ҳам ривоят мекунад бонги марои мурғи саҳар
То чаҳ хоҳад буд ҳоли синаҳои чун ҳарир
Тири мижгонат ки кард аз гунбади гардуни гузар
Гар ниёзӣ оварам рӯзӣ бигӯ дашноми талх
Тӯтӣонро бояд аз мантиқ чакад шаҳду шукр
Токем ранҷури хоҳӣ ,гар кашӣ зудам бикаш
Хӯн ошиқ бошад андари мазҳаби хубони ҳадар