Буд бемори чашми ёру ҷони ман парастораш

Парасторӣ ки ин бошад чаҳ бошад ҳоли бемораш

Наме оради каси ин беморро тоби парасторӣ

Ки бо сад нотавонии ҷон ман омад парастораш

Ман он мурғам ки чашми боғбон аз баҳри поси гул ,

Шарарҳо мезанад дар ошён ҳар рӯзи сад бориш

Басии ҳайронам аз ин боғ ва аз ин сарв ва аз ин гул

Ки омад дар навои яксони тзрўу булбул ва сораш

Аз он тарсам ки сӯзад дар гулистони решаи гулбун

Аз ин сони мурғи ҷонамгар шарари резади зи минқораш

Дилам дар гулшанати он оташин мурғаст хуши алҳон

Ки чун парвонаи сӯзади булбул аз озарми гуфтораш

Чунон по май нуҳум аз ҳасрати сайёд дар саҳро

Ки чун мижгон бурун ояд зи чашмами новаки хораш

Чунон мурғи дилам дар доми ғам мастона ме нолад

Ки ҳар кӯ башнавад дигар нахоҳӣ дид ҳушёраш

Дилӣ каз нӯки тири ишқ маҷрӯҳаст чун афсар

Тавон донист ҳоли захми дил аз чашми хўнборш