Касе каз ишқи хубон ҳеҷ набӯд сабру оромиш
Бибояд тарки сар кардан ки нокомӣ буд комаш
Агар оқил буд ошиқ нахоҳад шуд дар ин водӣ ,
зи худ бигзаштану ҷон доданаст оғозу анҷомаш
Дарони водӣ ки ишқи хубрӯёни оташи афрӯзад
Буд бо шуълаи яксони ҷисму ҷони пухтау хомаш
намедонам чаро шуд тира чун шаби рӯзгори ман
Зхўршидӣ ки шамъ моҳ омад машъали бомаш
Шабии хуршеди мо толеъ шавад ,гар тираи бахтӣ ро
Падед ояд ҳамон дами бомдоди ид дар шомаш
Хуши он бе хонимони риндӣ ки дар кеши накӯномон
На ҷо дар маҷлиси хос ва на по дар шореъи омаш
Ки май гӯйӣ ки ошиқро набошад куфру исломӣ ,
Ҳамон зулфу рух дилдор бошад куфру исломаш