Хушо савдои ишқу рӯзгораш
Вази он хуштар ба ҷони мо шарораш
Дилам дар зулф ӯ умрӣ асир аст
Ман ошуфтаи сомони ёдгораш
Тавонам баради чашми натоонаш
Қарорами баради зулф бе қарораш
Мусулмонони зи ишқ рӯй хубон
Дилӣ дорам , надорам ихтиёраш
Баноми эзад маро бошад нигорӣ ,
Ки Монӣ шармсораст аз нигориш
намедонам чаҳ боғаст ин муҳаббат
Ки барқи орад ба ҷони гули шарораш
Дар он водӣ ки ишқ ояд ба ҷавлон
Ҷаҳони тасхири як чобуки савораш