эй моҳи причҳри матбӯъи хасоил
эй сарви санавбари қади хуршеди шамоил
Он зулф чу шоми ту ки парварда субҳ аст
Бар тирагии бахти дили мости далоил
Пайдост ки бар фарқ кунад хоки тҳср ,
Он даст ки бар гардан ту нест ҳамоил
Парвардаи хӯни дилу сарчашма чашм аст
Сарви ту ки бо саркашӣ омад мутамойил
эй дӯсти туе аз ман ва ман аз ту дариғо
Коғёри миёни ман ва ту омадаи ҳоил
То хок шавад пайкар ва онгаҳ барадаши бод ,
Ҳаргиз нашавад аз дили мо меҳри ту зоил
Он нуқтаи мавҳум ки гӯйанд даҳонаш ,
Ҳеҷасту аҷаби ин ки кунад ҳали масойил
То сӯхти марои оташи ишқи ту дилу ҷон
Аз оби басар яксара шастем рсоил
Бар зулф ту танҳост на моили дили афсар ,
Бисёр дили ин силсиларо омадаи моил