Моҳи ман , эй бадари офтоби шамоил
Шоҳи ман , эй хусрави хуҷастаи хасоил
Дидаи тарсо ба ҳеҷ дайру килисо
Чун ту надидаи бутии бадеъи шамоил
Фитнаи чашмати балои ҷони бузургон
Риштаи зулфати бақои умри қабоил
Абрӯу чашмати қарини ҳам ба чаҳ монад ?
Тарки сиёҳӣ ки теғ карда ҳамоил
Афви ту бар ҷурми худ шафиъ намудем
Беҳтар аз инам дигар кадоми васоил
Пора кунам перҳан ки ҳеҷ нагунҷад
Ҷузи бадани андари миёни мо ва ту ҳоил