Чу ёди хуй ту ояд дар оташи суханам

Гузорами он ки бисӯзад зи шуълааш даҳанам

Ҳар он ки сӯзи дарун маро кунад инкор

Аҷаб кунад ки бибинад ба ғайри перҳанам

Пас аз вафоти ман аз доғи ишқ хоҳӣ ёфт

Ки рустаи лолаи хунини зи домани кафанам

Гуҳии шаҳобу гуҳӣ аз шаҳоб май сӯзам

Фиришта бошам ва дар авҷи дасти аҳриманам

Дарони баҳор ки ҳаргизи хазони наёбади даст

Манам ки замзама омӯз булбули чаманам

Бигир дасти ман эй боғбон ки дар ин боғ ,

з по фитод сарву шикастаи саманам

Ба порси зодам ва нашаву намо ба чин дорам

Ки чини нофаи зулфи ту хуштар аз ватанам

Ту омадӣ ва адам шуд вуҷӯди ман яксар

Дар он макон ки ту бошӣ гумон мабар ки манам

Биёади шамъи ҷамоли ту ҳар саҳар , афсар

Миёни ҷамъ , фурӯзон чу шамъи анҷуманам