Тзрўи боғи туам , дил ба шохи сарв ки бандам

Шиканҷи доми ту хуштар , зи шохсори баландам

Ман он тзрў хамӯшам , ки дар фазои гулистон

зи баҳри қомати сарвӣ , асири ҳалқау бандам

Чаро хамидау афтода чун каманду камонам

Агар на абрӯу зулфат буд камону камандам

Туе ки хӯша сунбул наҳй ба хирмани оташ

Манам дар оташи ҳасрат , нишаста ҳамчуи сапандам

Маро чаҳ бок ки талхаст заҳри дарди ҷудоӣ

Чу ёди он лаби ширин , кунад мазоқ чу қандам

Шунидаам ки самандати ҳилол наъл надорад

Аз он гудохтаи пайкар , басони наъли самандам