Барқи ишқатро , чунон дар устихон оварда ам

Костхўонро ҳамчуи не , оташ ба ҷон оварда ам

Аз даҳонати хостам сиррӣ биорам дар миён

Ҳеҷро , таъбир аз он сар даҳон оварда ам

Бас ки дар мӯии миёнат бардаам фикрат ба кор

Хешро борӣк чун мӯӣ миён оварда ам

Додаам дил дар ҳавои кӯҳи нури пайкарат

То напиндорӣ аз ин савдо , зиён оварда ам

Бар набарди хасм , барқи ҷони гудози оҳ ро

Тавъамон бо тират эй абрӯ камон оварда ам

Бо ҳарифон , дар қимори дилбарӣ , ғанҷу даллол

Нася май оре ва ман нақд равон оварда ам

Гуфтам ин болоу чашму зулф ва мижгон чист ? гуфт :

Фитна ҳо бошад , ки дар охир замон оварда ам

Ҳамчуи афсар , аз ғамат эй фитнаи охири замон

Шикваҳо бар мардум дороломон оварда ам